Масъалаи Қумтор садҳо танро ба майдони Бишкек овард
Таҳияи созишнома дар бораи Қумтор (кони тило дар Қирғизистон) беш аз 500 нафарро дар майдони Бишкек, пойтахти Қирғизистон, гирди ҳам овард.
Гуфта мешавад, дар ин гирдиҳамоӣ масъулони ворид намудани тағйирот ба созишномаи Қумтор ҳам ширкат доранд. Даъвои эътирозгарон ин аст, ки пешниҳоди онҳо дар мавриди ин созишнома ба эътибор гирифта намешавад.
“Ба мо мегӯянд, ки хоҳишатонро ба ҳукумати кишвар фиристед, барои аз назар гузарондан. Аммо ин кор мутобиқи қонунгузории кишвари мо нест, ин созишномаро бояд Жогорку Кенеш (парлумон) тасдиқ кунад. Ҳукумате, ки он ҳам мисли ҳукуматҳои пешин ғӯттаи ришва аст, мо аз он ягон умеди мусбат интизор нестем”,-мегӯянд эътирозгарон.
Ин гирдиҳамоӣ идома дорад ва дар дасти митингчиён чунин навиштаҳо дида мешавад: “Қумтор моли халқ аст!”, “Экологияро эҳтиром кунед!”, “Қумторро ба халқ баргардонед”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |