Ифшои дағалии занони соҳибмансаби туркман
Дар Туркманистон теъдоди занҳое, ки дар мансабҳои калидӣ нишастаанд, ангуштшумор аст, аммо бино ба иттилои торнамои "Хроника Туркменистана" дар таҳқиру таҳвини зердастон онҳо аз мардон камӣ надоранд.
Ин манбаъ менависад, ки чанде қабл раҳбари Хадамоти давлатии табъу нашри Туркманистон аз мансаб сабукдуш гардид. Шоҳидон гуфтаанд, Гизилгул Нургелдиева зимни ҷаласаҳо зердастонашро «журналистони ифлос ва бадбӯй» хитоб мекардааст. Ӯ ин ҳарфҳоро дар ҳузури садҳо корманди хадамот, нависанда, муҳаррир ва рӯзноманигорону дигар намояндаҳои зиёӣ баён кардааст. Гуфта мешавад, ин ягона ҳолати таҳқири зердастон аз сӯйи Нургелдиева набудааст.
Ҳамчунин, зердастони вазири маориф -- Гулшод Мамедова низ ба ҳарфҳои қабеҳи ӯ одат кардаанд. Вожаи дӯстдоштаи хонуми Мамедова, ҳангоми мулоқот бо зердастонаш «ҳаромзода» будааст.
Ноиби нахуствазир Бягул Нурмуродова, ки умури фарҳанг ва санъатро идора мекунад, низ аз ҳамҷинсҳои дигари курсинишинаш қафо намондааст. Одамони ӯро мешинохта мегӯянд, ӯ ҳатто раҳбарони ширкатҳои телевизион ва радиоро дар ҳолати нобоб мегузорад. Калимаҳои дӯстдоштаи ӯ «импотент» ва «петух» (мурғ) будааст.
"Хроника Туркменистана" менависад, ки танҳо аз занҳои курсинишин мисол задаанд ва «пай бурдан душвор нест, ки вазир-мардон бо зердастони худ чӣ муносибате доранд».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |