Нохушӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, шаби 23-юми апрел бар асари фаромадани ярч дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як пиёдагард ба ҳалокат расидааст.
Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, тахминан соати 22:40 дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, дар километри 116-уми мавзеи Чоре истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакӣ Комилҷон Акбарови 53 сола, ки пиёда ба самти Душанбе ҳаракат мекардааст, зери ярч мондааст. Нозимов мегӯяд, санги калон аз танаи кӯҳ канда шуда ба Комилҷон Акбаров бархӯрдааст ва дар натиҷа номбурда ҷон бохтааст.
Ба иттилои манбаъ ҷасади марҳум баъди тафтиш аз ҷониби кормандони сохторҳои дахлдор ба хешовандонаш супорида шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |