Дар ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ Мирзоқобил Шодиеви 53 –сола дастгир карда шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, номбурда аз 17-уми январи соли 2000 то имрӯз дар вазифаи раиси хадамоти давлатии «Меҳнатобод» фаъолият дошта, ҳамвора ба сирқати амволи давлати машғул будааст. Гуфта мешавад, ӯ аз ваколатҳои мансабии худ истифода бурда, 1000 метр қубурҳои асбестии зеризаминӣ, ки 55-донаро ташкил медод, ба маблағи 11.000 сомонӣ фурӯхтааст. Барои пӯшонидани қарзи хадамоти давлатӣ бошад, Мирзоқобил аз маблағҳои андоз истифода мекардааст. Феълан, дар қиболи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр