Дар осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати мавсум ба «Харангон» имрӯз бахшида ба рўзи маъюбон ва пиронсолон чорабинии идона доир гардид.
Дар ибтидо Ҳақназар Ғойибназаров, сарвари ин муассисаи давлатӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ҷамъомадро хайра мақдам гуфта, риштаи суханро ба намояндаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин намояндаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дод. Онҳо ҳозирин ва пирони барҷомондаро ба ин сана табрику таҳният гуфтанд.
Ёдрас менамоем, муассисаи давлатии осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» соли 2005 бахшида ба 60- солагии ғалаба дар ҶБВ бо ташабуси президент таъсис ёфтааст. Осоишгоҳ дар як баст барои 70 нафар хизмат мерасонад, ки ҳар як басти он 18 -рўзро дар бар гирифта, ҳоло бошад аз 36 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин ҷо истироҳат карда истодаанд
Дар ҷашни рўзи маъюбон (8-уми июл), ҳофизи шинохта, Давлатманд Холов ва дигар санъаткорон бо рақсу таронаҳои дилангез қалби ҳозиринро шод намуданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр