Назаров хост “мухаддиротӣ” унвон шудани кишварҳо хотима ёбад
Рустам Назаров, раҳбари Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми апрел зимни як ҳамоиш дар Душанбе терорризму экстремизм ва мухаддиротро ба ҳам пайванд арзёбӣ кард.
Назаров, ки зимни семинари дурӯза оид ба «Ҳали мушкилоти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ: ҳушдорҳо ва таҳдидҳо дар пайи берун рафтани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014» баромад мекард, изҳор дошт, ки маводи мухаддир яке аз сабабҳои асосии ноамнӣ дар минтақа мебошад: «Маълум аст, ки тиҷорати маводи мухаддир бештар бо терроризми байналмилалӣ пайвастагӣ дошта, ҳоло дар дасти терористҳо аз ҳама силоҳи хатарнок-маводи мухаддир қарор дорад. Маводи мухаддир ҳамасола ҷони милионҳо нафарро мегирад».
Рустам Назаров гуфт, ки тероризми маводи мухаддир яке аз мушкили ҷидии ҷаҳонӣ буда, тасмимҳои рӯйи даст гирифта исбот карданд, ки барои комилан аз байн бурдани ин масъала кифоя нестанд. Дар робита Рустам Назаров аз ҳамтоёни байналмилалии худ даъват ба амал овард, ки зимни пешниҳоди гузориш аз кишварҳое, ки онҷо маводи мухаддир кишт мешавад, ба унвони «давлати мухаддирӣ» ном нагиранд чун ин тамғагузорӣ ба шаъни ягон давлат намезебад.
Ин изҳороти Назаров дар ҳузури масъулини мақомоти давлатҳои Осиёи Миёна –Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва кишварҳои Русия, Эрон, Покистон ва созмонҳои байналмилалӣ садо дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |