Тоҷикистон ва пойгоҳи Русия: Манфиати миллӣ болотар аз ҳар чиз аст
Алӣ МАСТОВ,
махсус барои “Озодагон”
Орзуи ҳар кишваре, ки иштиҳои хоси абарқудратҳоро дорад, он аст, ки дар кори кишварҳои ҷаҳон ҳузур ва таъсири низомӣ дошта бошад. Ва, чунин ҳисобида мешавад, ки ҳар касе дар хориҷа пойгоҳҳои низомии бузургтаре дорад, ҳамон қадар беҳтар аст.
Барои ин, агар ба ҳар кор омода набошад, пас аз бештари иқдомот даст намекашанд. Вақте Узбакистон аз Амрико хост, то пойгоҳи Хонободро холӣ кунад, амрикоиҳо мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башарро фаромӯш карда, омодаанд ба хотири баргаштан ба ин пойгоҳ диктатор Каримовро рӯи даст гардонанд.
Дар ҳамин ҳол, чунин менамояд, ки Маскав омодааст охирин суриягиро қурбон кунад, аммо Тартусро дар Сурия аз даст надиҳад. Дар он ҷо мувофиқи созишнома бо Башор Асад пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрии Русия ҷой гирифтааст.
Бояд гуфт, Русия барои пойгоҳҳои худ дар ҳар кишвари ҷаҳон саривақт ва ба таври лозим пардохт мекунад, чун ин як қоидаи умумӣ дар саросари ҷаҳон аст. Танҳо масоили атрофи пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон аз ин қатор берун мемонад. Ба ҳар навъе бошад, ман кишварҳоеро, ки манофеи худро хориҷ аз марзи худ ҳифз мекунанд, мефаҳмам, чун онҳо мехоҳанд беҳбудии миллии худро фароҳам намоянд.
Аммо ба ман Қирғизистон, дақиқтараш сиёсати онҳо, ки манофеи худро фаромӯш намекунанд, мақбул аст. Онҳо тавонистанд аз вазъияти барояшон мувофиқ истифода бурда, марзи худро бо шароити барояшон судманд ҳам ба мамолики Ғарб ва ҳам ба рақиби эшон – Русия пешниҳод намоянд.
Қирғизҳо як доллари рамзӣ не, балки маблағи зиёд ва ба иловаи он имтиёзҳои сиёсию иқтисодӣ гирифтаанд. Мисоли охирин он аст, ки ҷониби Русия қарзи Қирғизистонро ба маблағи 600 миллион доллар бахшид. Таваҷҷуҳ кунед: сухан сари як пойгоҳ бо шумори ками ҳарбиён дар наздикии Кант меравад, ки бо пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон қобили муқоиса нест.
Воқеити мо чи гуна аст? Ёдовар мешавам, ки пойгоҳи 201-ум бузургтарин пойгоҳи қушунҳои хушкигарди Русия дар хориҷ аз марзи он аст. Ҳатто дар Белорусияи бародарӣ ва Арманистони дар ҳоли ҷанг чунин иштироки зиёди ҳарбиёни рус мушоҳида намешавад.
Гуфтан мумкин аст, ки пойгоҳи 201 охирин чизест, ки аз империяи шоҳӣ, Шӯравӣ ва, инак, русӣ дар Осиёи Миёна боқӣ мондааст. Бинобар ин, фикр мекунам, дубора ёдовар шудани аҳамияти пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон барои Русия зиёдатӣ хоҳад буд.
Мехоҳам фаҳмам, ки бо дар назардошти ин ҳолат, чунин муносибати, мулоим карда гӯем, нодӯстона бо тоҷикистониён аз чӣ маншаъ мегирад? Агар Русия чунин мақомталабӣ дорад ва чунин як пойгоҳи ба ҳисобе марзӣ ва берун аз қаламрави худаш барояш муҳим бошад, пас, чаро муносибаташ мантиқи кишвари Вануатуро ба хотир меорад: “Пул диҳед, Абхозистонро ба расмият хоҳам шинохт, надиҳед – не”?
Чаро Маскав метавонад ба ҷои дардноки мо – муҳоҷирон фишор оварда, суди сиёсӣ низ дошта бошад, аммо мо манфиатҳои худро ҳифз карда натавонем? Чӣ мешавад, агар мо низ мисли онҳо масъаларо рӯйрост ва бидуни дипломатия гузорем: ё моро ҳамчун шарик эҳтиром кунед, ё ягон кишвари дигарро ҷӯед?
Чуноне мегӯянд, ҷои хуб холӣ намемонад. Ягон ҷониби дигар омада, бештар аз як доллар пардохт хоҳанд кард. Ман ба ин боварии комил дорам. Бо дарназардошти он мавқеъву ҷоҳе, ки дар боло гуфта гузаштем, дар сурати ба чунин тарз гузошта шудани масъала, ҷониби Русия дар музокирот мулоимтар шуда, аз таҳқиру таҳдид даст хоҳанд кашид.
Ҳамкории мутақобилан судманд, шарикӣ, бояд дар амал бошад, на ин ки танҳо рӯи коғаз, ё вақте ба «бародари бузург» судманд аст. Мо бояд ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳифз намоем, агар ҳукумати вақт бовар дорад, ки на фақат бо зӯри силоҳи Русия, балки бо оварию дастгирии мардуми кишвар рӯи кор аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |