Парлумон: "Ин дафъа ёвагӯиҳои Жириновский беҷавоб намемонад" (ВИДЕО)
Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалии парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, “ёвагӯиҳо”-и Владимир Жириновский, вакили Думаи давлатии Русия, ки ин дафъа ба шахси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дахл кардааст, бояд беҷавоб гузошта нашаванд.
Салимзода мегӯяд, таҳқиру туҳмат дар ҳаққи тоҷикону Тоҷикистон борҳост, ки аз забони Жириновский садо медиҳад ва ин дафъа бояд мақомоти тоҷик дар симои Вазорати умури хориҷӣ ва парлумон ба он вокуниш нишон диҳанд: “Мо ба парлумони Русия бо ирсоли як мактуб изҳороти таҳқиромезу беасоси Жириновскийро дар ҳаққи тоҷикону президент, ки симои Тоҷикистон аст, маҳкум хоҳем кард.”
Салимзода бо таассуф афзуд, имрӯз муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба ивази дастмузди ночиз кори вазнин мекунанд, “вале дар ҷавоб аз забони гуруҳҳои манфиатҷӯйи ин кишвар, аз ҷумла Жириновский ба ҷои раҳмат таҳқиру туҳмат мешунаванд.”
Ахиран Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия ва муовини раиси парлумони ин кишвар, дар барномаи “Поединок”-и шабакаи телевизионии “Русия 1” бо Виктор Анпилов, роҳбари ҳаракати “Русияи коргарӣ”, вориди баҳс шуда, алайҳи муҳоҷирон суханҳои шадид гуфт. Ӯ муҳоҷиронро мояи афзоиши беморӣ, ифлосӣ, бекорӣ ва бефарҳангӣ дар Русия хонд.
Дар дақиқаи 35-уми барнома Жириновский дар муроҷиат ба Анпилов изҳор дошт, ки “айни ҳол дӯстони тоҷики Шумо бешармона боз нарх барои пойгоҳи 201-умро баланд мекунанд. Медонанд, ки Русия пул дорад ва бисёртар мехоҳанд. Ана, мо мегӯем, ки дигар муҳоҷирони кории Шуморо қабул намекунем! Он гоҳ Раҳмон чӣ кор мекунад? Раҳмон хуб медонад, ки дар ин ҳолат исломиёни афғон Тоҷикистонро поймол мекунанд ва худи ӯро чун Наҷибуллоҳ дар маркази Душанбе ба дор хоҳанд кашид.”
Бо вуҷуди он ки чунин изҳороти Жириновский сокинону бархе аз раҳбарони аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон бетараф нагузошт, аммо то ҳол Вазорати умури хориҷӣ дар ин бора ҳарфе нагуфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |