Шамоли сахт шимоли Душанберо бе барқ гузошт
Шамоли сахт бегоҳи 22-юми апрел дар Душанбе боиси сар задани садамаҳо дар шабакаҳои барқии пойтахт гардидааст.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, "садамаҳо асосан дар шимоли Душанбе сурат гирифтанд ва аксари онҳо давоми як соат бартараф гардида, корҳои барқарорсозӣ дар баъзе нуктаҳо идома дорад."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони маҳаллаи Зарафшон дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” изҳор доштанд, шаби гузашта барқи онҳо хомӯш шуда ва то ҳол барқарор нашудааст. Сокинони баъзе аз навоҳии кишвар низ дар суҳбат бо “Озодагон” аз қатъи интиқоли барқ шикоят карданд.
Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар мегӯянд, шаби гузашта дар Душанбе ва навоҳии атрофи он шамолу борони сахт шуда, хисороти молӣ дар пай надоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |