Дар моҳи март то 100 нафар ҲНИТ-ро тарк кардаанд
Танҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳудуди сад нафар аз узвият дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) даст кашидаанд. Ин нуктаро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, баён дошт.
Ба қавли ӯ, фишорҳои ахири мақомот нисбат ба ин ҳизбу тарафдоронаш бетаъсир набудааст. “Агар дар гузашта ҲНИТ-ро дар як моҳ то 10-12 нафар тарк мекарданд, дар моҳҳои охир ин рақам то ба наздики сад нафар расидааст. Дар як моҳи охир 92 нафар узвияти худро дар ҲНИТ қатъ карданд”,-гуфт Кабирӣ.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ беш аз чаҳорсад нафар довталабона ба ин ҳизб шомил шудаанд. Ин ҳизби сиёсии динӣ, ки ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон аст, ҳоло 41 ҳазору 850 узв дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |