Роҳи оҳани Тоҷикистон: Русия мехоҳад, бозори моро соҳиб шавад (ВИДЕО)
Ширкати “Роҳи оҳан” мегӯяд, боздиди ахири Дмитрий Рогозин ва Геннадий Онишенко аз қаторҳоии Тоҷикистон барои ба даст овардани бозори мусофиркашонии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Усмон Қаландаров, муовини сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, зимни ҷаласаи мушовараи назди Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти кишвар, аз бурду бохти роҳи оҳан гузориш дода, таъкид кардааст, ки “тафтиши қаторҳои мо аз ҷониби ашхоси воломақоми Русия як навъи рақобати носолими бозори нақлиётӣ мебошад. Дар Қарғизистон 80, Озарбойҷон 50 фоиз алаккай қатораҳои русӣ дар равуоанд ва мақомоти рус мехоҳанд, бозори мо ва Узбакистонро низ танг кунанд.”
Қаландаров таъкид кардааст, дар сурате ки мақомоти рус ба мақсадашон ноил шаванду бозори мусофиркашонии Тоҷикистонро ба даст оранд, камаш 500 корманди “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бекор мемонад.
Ахиран Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштанд, ки вазъи онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест ва пешниҳодҳое садо доданд, ки иртибот тавассути роҳи оҳан бо Тоҷикистон қатъ гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |