Қатъи гази Узбакистон ва коҳиши истеҳсолот дар Тоҷикистон
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи қатъи интиқоли газ ба кишвар истеҳсоли маҳсулот дар калонтарин корхонаҳои саноатии кишвар коҳиш ёфтааст.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар семоҳаи аввал ҳаҷми маҳсулоти саноатии ширкати алюминийи тоҷик, ТАЛКО 26,8 миллион сомонӣ ва «Тоҷиксемент» ба маблағи 40 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст: “Корхонаҳои пахтатозакунӣ бошанд мутаносибан ба маблағи 17,5 ва 39,9 миллион сомонӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатиро кам карданд».
Коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дар калонтарин корхонаҳои Тоҷикистон ба қатъи интиқол газ аз Узбакистон рабт дода мешавад, ки “Тоҷиксемент” ва “ТАЛКО” асосан бо истифодаи он фаъолият мекарданд. Баъди қатъи интиқол аз Узбакистон “ТАЛКО” ба истифодаи газе, ки аз ангишт ҳосил мекунад, оғоз намудааст, вале “Тоҷиксемент” чанд муддат аз фаъолият бозмонд.
Дар маҷмуъ масъулини Вазорати энергетика ва саноат мегӯянд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 2 миллиаррду 288,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 5 дар сад бештар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |