Русия аз моҳи май боҷи нафтиашро кам мекунаду лағв не
Русия сар аз 1-уми майи соли ҷорӣ ҳаҷми боҷи содиротии маҳсулоти нафтиашро коҳиш медиҳад.
Тавре Вазорати молияи ин кишвар иттилоъ медиҳад, сар аз якуми майи соли ҷорӣ интиқолдиҳандагони бензин аз Русия барои ҳар тонна 340 доллари амрикоӣ боҷи содиротӣ хоҳанд супурд, ки нисбат ба нишондоди моҳи апрел 21 доллар камтар аст. Барои маҳсулоти рӯшани нафтии дигар, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, сари ҳар тонна 249 доллар ҳаҷми боҷи содиротӣ таъин шудааст. Айни ҳол ин нишондод ба 265 доллар баробар аст.
Ин дар ҳолест, ки созишнома дар бораи лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ имзо шуда буд, вале то ҳанӯз мавриди амал қарор нагирифтааст. Қаблан Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, созишнома дар бораи лағви боҷи гумрукӣ аз рӯзи ба имзо расиданаш мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Аммо масъулини энержии Русия дар такя ба қонунгузории кишварашон мегӯянд, созишномаҳои байналхалқиашон танҳо баъд аз тасвиб аз ҷониби парлумон мавриди амал қарор мегиранд. Тибқи қонунҳои Русия барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома он бояд баъд аз тасдиқи ҳукумат, аз ҷониби президент ба парлумон барои тасвиб пешниҳод гардад. Айни ҳол созишнома дар бораи лағви боҷи гумрукӣ миёни Тоҷикистону Русия аз ягонтои ин марҳилаҳо нагузаштааст.
Ин номуайянии марбут ба лағви боҷи гумрукӣ ба фаъолияти воридкунандагони сӯзишворӣ ба Тоҷикистон низ таъсир расонда, боис ба он шудааст, ки бархе аз иштирокдорони бозор воридотро коҳиш додаанд. Аз ҷумла, тибқи иттилои расмӣ дар ду моҳи аввали соли равон ба кишвар ҳамагӣ 31 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад камтар аст. Интизор меравад, баъд аз лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ, маводи сӯхт дар Тоҷикистон то 30 дарсад арзон шавад.
Қаблан Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ишора кард, ки то созишномаҳо дар бораи муҳоҷирату боҷи нафтӣ ба тасвиб нарасанд, созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ тасвиб нахоҳад шуд. Зарифӣ зарур хонд, ҳамаи тавофуқоте, ки моҳи октябри соли 2012 аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия ҳосил шуданд, бояд ҳамзамон тасвиб гарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |