Роберт Блейк дар «Қалби Осиё» аз вазъи Афғонистон мегӯяд
Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи як сафари расмӣ аз Қазоқистон ва Узбакистон дидан мекунад.
Бино ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубиву марказӣ дар ин сафар бештар равобити Вашингтон бо Тошканду Остонаро ба баррасӣ мегирад. Ҳамзамон авзои кунунии Афғонистон ва масоили мухталифи минтақавию байналмилалӣ ҳам аз мавзӯъҳои мавриди баррасии ҷонибҳо хоҳад буд.
Сафари Роберт Блейк ба ин ду кишвари Осиёи Марказӣ аз 22 то 26-уми апрел идома карда, интизор меравад, дар ҳошияи он мақоми баландпоёи амрикоӣ аз Донишгоҳи иқтисодии Тошканд ва Донишгоҳи ба номи «Назарбоев»-и Алма-Ато боздид ва суханронӣ намояд. Муовини вазири умури хориҷаи ИМА дар ҳамоиши байналмилалии мавсум ба «Қалби Осиё», ки 25-уми апрел дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад, бештар вазъи Афғонистонро матраҳ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |