Бахшҳо
20 апр 2013 09:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ваъдаи дигари ВКД барои пайдо кардани Маликаву Сабина

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки касе Малика ва Сабина Араловаҳои хурдсолро пинҳон кардаасту “ба хубӣ” баргардонад, муҷозот нахоҳад шуд.

Ин ниҳод аз онҳое, ки Маликаву Сабинаро “аз рӯи нофаҳмӣ ё барқасдона, аз рӯи ягон хусумати шахсӣ ва ё кадом ҳиссиёти дигаре” дар ҷое пинҳон кардаанд, хост, ба соҳибонашон ё ба дилхоҳ мақомоти пулис баргардонанд. Дар ин сурат, ба қавли масъулони ВКД, ин фард ва ё афрод тибқи талаботи моддаи 130-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда, ба додгоҳ кашида нахоҳанд шуд.

Манбаъ илова мекунад, ба ҷуз аз ин, барои баргардонидани кӯдакон ва ё хабар додани ҷойи нигоҳдории онҳо аз тарафи Вазорати умури дохилӣ ҷоиза муайян шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ба вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов гуфта буд, омодаанд, барои пайдо кардани Малика ва Сабина Араловаҳо кормандони Хадамоти кашфи Амрико (ФБР)-ро биёранд. Ёдовар мешавем, ин ду духтари хурдсол рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00 аз кӯчаи Айнии пойтахт бедарак шуда, то ҳол мақомот ва гурӯҳи ихтиёриён ба дарёфти онҳо ноил нашудаанд.
Мӯҳр
in vazorati umuri doxilii tolikiston ba monandi davraai podshohi elon kardaast. in namud elom in uhdanabaroii onhoro mefahmonad. ayb ast ba shani yak davlat. mo duzdoni xudro nametonem yofta kujo josusoni digar davlatro yobem/ sharmam omad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)