Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” бо ҳамроҳии гурӯҳи “New Style” ба хотири дастгирии кӯдакони дорои аутизм (дархудмондагӣ) рӯзи 21-уми апрел консерти хайрия баргузор менамояд.
Чорабинии мазкур барои паҳнсозии маълумот дар бораи аутизм бахшида шудааст. Ҳамчунин Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе низ ба хотири дастгирии кӯдакони дорои аутизм ба иштирокчиёни консерт тӯб ва либосҳои варзишӣ тақдим мекунад. Аз ҷумла бозигарони бошгоҳи мазкур чанд лаҳза бо ин кӯдакон тӯббозӣ карданд.
Мӯҳр