Қатли таърихшиноси маъруфи туркман, Овез Гундогдиев
Овез Гундогдиев, таърихшиноси машҳури туркман, ба таври ваҳшиёна дар Ашқобод кушта шуд.
Расонаҳои туркманӣ менависанд, Гундогдиев рӯзи 16-уми апрел аз тарафи ашхоси номаълум мавриди латукӯби шадид қарор гирифта, дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати сахт ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти пулиси шаҳри Ашқобод алакай дар ин қазия ду наврасро гумонбар дониста, боздошт намудааст. Гуфта мешавад, ба таври расмӣ аз куштори ин таърихшиноси туркман хабар дода нашудааст.
Вале ҷараёни тафтишоти ҳодисаро дастгоҳи раёсати ҷумҳури Туркманистон зери назорат қарор додааст. Овез Гундогдиев 46 сол дошта, номзади илмҳои таърих ва муаллифи чандин китоб, аз ҷумла «Калисои масеҳӣ дар Туркманистон» ва «Олиҳа - модари замини туркманҳо» аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |