Ду “бомб”-и шаҳрванди Узбакистон 18,7 ҳазор доллар хисорот овард
Шаҳрванди Узбакистон дар як рӯз маркази савдо ва як манзили шахсиро дар Остонаи Қазоқистон “бомбгузорӣ” кард.
Департаменти умури дохилии Қазоқистон (ДУД) хабар медиҳад, ки соати 14:35 ба раёсати фаврии ин ниҳод дар Остона нафаре занг зада аз бомбгузорӣ шудани маркази савдои «Жаннур» иттилоъ додааст. Ба ҷои ҳодиса дар зудтарин фурсат роҳбарияти ДУД ва РКД ҳозир шуда, гуруҳи фаврӣ-ҷустуҷӯии департамент, кормандони полки қаровулии пулис, кинологҳо, гуруҳи махсуси «Арлан», ҳамчунин гуруҳи фаврии ҳолатҳои изтирорӣ ва амнияти миллиро сафарбар кардаанд.
Баъди аз бинои маркази савдо ба ҷои бехавф кӯч додани 750 нафар, мутахассисон тамоми утоқҳо ва атрофи биноро аз назар гузаронида, вале маводи мунфаҷира пайдо нашудааст. Соати 14:57 «террорист» дар як занги дигар гуфтааст, бомб дар ҷойи дигар - як манзили шахсӣ гузошта шудааст. Ин маълумот низ тасдиқи худро намеёбад.
Дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ пулис бо гумони додани маълумоти бардурӯғ шаҳрванди 23-солаи Узбакистонро дастгир кардааст. Гуфта мешавад, боздоштшуда қаблан чанд бор доғи судӣ гирифтааст. Ба хотири халал наёфтани раванди тафтишот аз ӯ ном бурда намешавад. Дар сурати собит шудани гуноҳи ӯ дар додгоҳ, вай то шаш сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.
Манбаъ гуфтааст, бо иттилои бардурӯғ боздоштшуда ба маблағи беш аз 2,8 миллион танга, муодили 18,7 ҳазор доллар хисорот расондааст ва ин маблағ аз гумонбар ситонда хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |