Кодекси нав ва афзоиши саркашиҳо аз андоз дар Тоҷикистон
Оҷонсии омори Тоҷикистон дар такя ба Вазорати умури дохилии кишвар иттилоъ медиҳад, ки тайи се моҳи аввали соли равон саркашӣ аз андоз нисбат ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.
Мақомоти тоҷик давоми моҳҳои январ-марти соли равон 11 ҷинояти вобаста ба саркашӣ аз андозро ба қайд гирифтаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Оҷонсии омор ин нишондод дар семоҳаи аввали соли гузашта ҳамагӣ 6 ҷиноятро дар бар мегирифт.
Масъулини Кумитаи андоз дар қатори ширкатҳое, ки моҳи равон ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулияти Тоҷикистон ворид шудаанд, "Нафтовар", "Азизчон-2012", "Энергостроймонтаж", "Меркот", "МФС Групп", "Абрешим-2013", "Галла", "Кахрамони озод", "Назархуча", "Сайри Кайхон", "Очур", "Само", АХД "Нуридин-1", "Хонаконефтопродукт", "Фирузи Сафар", "Замон", "Сармоягузории Точику Ирон", "Муминиён Трейдинг", "Мирзобобур" ва даҳҳои дигарро ном бурданд.
Ин саркашиҳо аз андоз дар ҳолест, ки сар аз 1 –уми январи соли равон дар кишвар Кодекси нави андоз рӯи кор омад ва тибқи мақсадҳои гузоштаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин ҳуҷҷат бояд ба андозсупорандагон сабукӣ меовард. Интизор мерафт, ки бо ироаи сабукиҳо андозсупорандагон дигар барои пинҳон кардани даромад ҳавасманд нахоҳанд буд ва аз фаъолияти пинҳонӣ даст кашида, барои зиёд намудани воридоти будҷа саҳми бештар мегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |