Тоҷикистон дар се моҳ аз хориҷа 580 млн $ гирифтааст
Дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 580 миллион доллари ИМА ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузатша 9% афзоиш ёфтааст.
Ин нукта дар гузориши дафтари СММ дар Душанбе ва Вазорати рушди иқтисоду савдо таъкид шудааст. Интизор меравад, ки интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон, хусусан аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ бо наздик шудани мавсими кори онҳо, боз афзоиш ёбад.
Дар ин гузориш омадааст, моҳи январи ҳамин сол интиқоли маблағҳо ба кишвар 178,1, моҳи феврал 180,3 миллион долларро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба соли 2012 беш аз 8% зиёд аст.
Соли гузашта интиқли маблағҳо ба Тоҷикистон ҳудуди 3,5 миллиард долларро ташкил намуда буд, ки ин миқдор маблағ тақрибан 48%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |