Ахиран додгоҳи шаҳри Дубай ба ин натиҷа расид, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, Умаралӣ Қувватовро ба Тоҷикиситон бидиҳад.
Ин ҳукм хонаводаи Қувватов ва бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, созмони Авфи Байналмилал гуфт, истирдоди Қувватов метавонад бо шиканҷа ва ҳабси тӯлонии ӯ анҷом ёбад. Хабарнигори “Озодагон” аз масъулону ҳуқуқдонҳо ва коршиносон пурсид, дар сурати истирдод раҳбари “Гуруҳи 24”-ро дар Ватан чӣ интизор аст?
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос:
“Алакай барои Умаралӣ Қувватов парванда боз шудааст ва дар сурати истирдоди ӯ муҳокимааш сурат хоҳад гирифт. Дар мавриди одилона баргузор шудани додгоҳи ӯ мо ҳеч чиз гуфта наметавонем. Чун намедонем, ӯ чӣ ҷинояте содир карда ва ё накардааст. Умуман дар бораи фаъолияти ӯ пеш аз ҷудо шудан аз ширкати Фароз, ба маълумоте дастрасӣ надорем. Вале маълум аст, ки омили сиёсӣ ба ҷарёни судӣ ҳамеша таъсир мекунад ва дар ин маврид ҳам маълум аст, ки ҷазои нисбатан сангин мегирад. Ин ҳам вобаста ба он аст, ки кӣ ҷиноят содир кардааст ва он чи гуна ҷиноят аст. Чанд сол ҳабсро ҳатман мегирад.”
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазири умури дохилӣ:
“Ба ин мавзуъ ва тафтишоту истирдоди ӯ Додситонии кулл машғул мешавад. Ҳамаи парвандаҳои ӯ дар даст додситонист.”
Амирқул Азимов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти парлумон:
“Дар мавриди овардан ё наовардани Умаралӣ Қувватов ман чизе гуфта наметавонам. Дар хусуси даст доштани вай дар ҷиноят тафтиши ҳаматарафа меравад ва баъд вай дар додгоҳ муҳокима мешавад. Агар гунаҳкор бошад, дар асоси қонунҳои Тоҷикистон муҷозот мешавад.”
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшинос:
“Дар Тоҷикистон мисли дигар маҳкумшудагон ҳуқуқҳои ӯро маҳдуд мекунанд. Он дархосту шикоётеро, ки менависанд, низ рӯякӣ дида мебароянд. Ин дигар як таҷрубаи ҷаҳонӣ шудааст, ки дар Тоҷикистон маҳз бо ҳамингуна парвандаҳо муносибат карда истодаанд. Ҳар чизеро, ки додситон тасдиқ кунаду ба суд равон намояд, судяҳои мо ҳамин хел ҳукми судро мебароранд. Фикр мекунам, ҳеч вақт ин чиз одилона баргузор намешавад, чун судяҳои моро медонед, ки чигуна судяҳо ҳастанд. Ҳозир ба ягон судя фахр карда наметавонем, ки фалон судя ҳукми сафедкунанда баровард. Ҳол онки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёда аз 35 фоизи ҳукмҳои судӣ ҳукмҳои сафедкунанда ҳастанд, ки ин адолати судиро нишон медиҳад.”
Туроб Одилов, як масъули Додситонии кулл:
“Феълан чизе мушаххас нест ва дарбораи ӯ ман ягон чиз гуфта наметавонам. Вале дар сурати баргузории суд намояндаи мо бояд иштирок кунад.Агар Қувватов ба Тоҷикистон оварда шавад, пеш аз ҳама мо огоҳ мешавем. Ин ки парванда барои ӯ ташкил шудааст ё на, мо дарак надорем.”
Азиз Солиев, котиби матбуотии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони “Омбудсмен”:
“Мо нигоҳ карда меистем, ки ояндаи Қувватов чӣ мешавад. Агар бинем ҳуқуқвайронкуние аз ҷониби суду дигар мақомот нисбат ба ӯ шавад, он гоҳ ягон чора мебинем. То зинаҳои судиро ӯ нагузарад, мо чизе гуфта наметавонем. Зеро ҳанӯз дақиқ нест, ки истирдоди вай чӣ мешавад. Ҳатто Афви байналмилал ҳам хостааст, то ӯ ба Тоҷикистон истирдод нашавад.”
Мӯҳр