Даъвои зидди даъво. Воҳидова аз “Тоҷирон” ҷуброни зарари маънавӣ хост
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи тоҷик, ширкати “Тоҷирон”-ро дар паст задани шаъну эътибораш муттаҳам дониста, дар иваз 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст.
Хонум Воҳидова мегӯяд, ширкати “Тоҷирон” рӯзи 30-юми январи соли ҷорӣ бо зери шубҳа гузоштани касбияти ӯ, тавасути васоити ахбори омма эътиборашро паст задааст. Ин даъвои вакили мудофеъ рӯзи 19-уми апрел, дуруст дар замони муҳокимаи даъвои ширкати “Тоҷирон” алайҳи Файзиннисо Воҳидова ва рӯзномаи “Имрӯз Нюс” дар Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон садо дод.
Қаблан Файзинисо Ваҳидова, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, дар ин баҳс худро гунаҳкор ҳам намеҳисобад: “Дар рӯзнома ин матлаб дар шакли мусоҳиба чоп шудааст ва ман муаллифи матлаб нестам, балки ҳамчун ҳуқуқшинос ба суолҳо посух ва баҳои ҳуқуқӣ додаам.”
Ширкати “Тоҷирон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва ягона рӯзномаи Тоҷикистон, “Имрӯз News”, ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз Воҳидова 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Эътирози ширкати “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |