Оташсӯзӣ дар як амбори муҳимот дар шаҳри Ободони Туркманистон бойиси таркиши шадид гашт.
Дар ин бора хабаргузории «Хроника Туркменистана» иттилоъ медиҳад. Расона менависад, «инфиҷори сахт дар як захирагоҳи силоҳи шаҳр Туркманистон боиси кушта шудани одамон ва хисороти зиёди молӣ шудааст. Ин таркиш ва оташсӯзӣ баъд аз зӯҳри 7-уми июл, соати 16-00 ба вақти Ашқобод ба қайд гирифта шуд».Маврид ба ёдоварист, Ободон дар 18-20 километрии ғарбу шарқи пойтахти Туркманистон мавқеъ дорад.
Дар ҳоли ҳозир убуру мурури одамон ва ҳам тамоми намуди нақлиёт ба шаҳри Ободон масдуд гардида, дар маҳалли офат кормандони ниҳодҳои амниятӣ, пулис ва изтирорӣ фаъолият мебаранд. Бино ба хабарҳо, таркиш манзилҳои воқеъ дар ҳамсоямаҳалҳоро низ осеб расондааст. Дар бораи қурбониён ва хисороти молӣ ҳанӯз чизе мушаххас нашудааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр