Дипломати баландпояи англис бо Зайд Саидов мулоқот мекунад

Лӣ Турнер, масъули тиҷорат ва сармоягузории Вазорати умури хориҷии Британияи Кабир, имрӯз, 18-уми апрел вориди Душанбе мешавад.
Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Душанбе ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Лӣ Тарнер дар доираи сафараш бо вазири рушди иқтисоду савдо Шариф Раҳимзода, раҳбари кумитаи сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов ва раҳбари Шўрои ҳамоҳангсозии асосиатсияҳои тиҷоратии кишвар Зайд Саидов мулоқот хоҳад кард.
Сафари ин дипломати англис дар пасманзари боздиди ҳайати соҳибкорони Британияи Кабир аз Тоҷикистон, ки имрӯз ба анҷом расид, сурат мегирад.
Ҳайати тиҷоратии Бритонияи Кабир дар доираи сафари серӯзааш бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони тоҷик мулоқот анҷом додааст. Нейҷела Питерс, раҳбари ҳайати мазкур гуфтааст, ки гуфтушуниди онҳо бо Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, муовини раҳбари кумитаи сармоягузорӣ Шўҳрат Раҳматбоев ва вазири обу захоири обӣ Раҳмат Бобокалонов судманд буда, онҳо имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва тиҷоратро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |