Қориҳои Қуръон дар Душанбе сабқат мекунанд
Нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии ҳифзи Куръони Карим гузаронида мешавад.
Аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа, ки созмондиҳандаи ин чорабинӣ аст, иттилоъ доданд, ки дар ин озмун ҳофизони то 25-солаи Қуръони Карим, ки 20 ҷузъи Қуръони азимушаънро аз бар кардаанд, ҳуқуқи ширкат доранд.
Масъулини Донишкадаи исломии Тоҷикистон мегӯянд ба ғолибони озмуни ҳофизони Қуръони маҷид ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |