Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Эшони Нуриддин: "Хӯрдани ҳаққи муҳоҷирон ҳаром аст"

Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, яке аз руҳониёни маъруфи Тоҷикистон гуфтааст, касоне, ки аз музди меҳнати муҳоҷирон бидуни ризоияти онҳо ҳаққи худро мегиранд, "ҷавобгар хоҳанд буд".
Эшони Нуриддин дар ин бора дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамо ё сайти turajon.org ҳарф задааст. Ӯ гуфта, ки“агар миёнарав муҳоҷиронро маҷбурӣ кор фармояду бе ризогии онҳо ҳақ мегирад, дар ин ҳолат кори ӯ ҳаром ва музде, ки мегирад зулм аст.” Аммо ин рӯҳонии маъруф таъкид кардааст, “агар вазифаи ин шахс таъмини кор асту шахси коргар розӣ бошад, ки як миқдор аз ҳаққашро ба хотири хидмат ба миёнарав бидиҳад, боке надорад.”
Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари афзоиши муҳоҷират фиреби муҳоҷирон аз тарафи миёнаравҳо низ афзоиш ёфтааст ва ин нигаронии мақомоти тоҷикро ба бор овардааст. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар бисёри ҳолатҳо миёнаравҳо аз мавқеашон сӯистифода карда, муҳоҷиронро истисмор мекунанд ва ҳаққашонро намедиҳанд.
Барои гурез аз чунин ҳолатҳо ахиран Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, сокинони кишварро ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, дурӣ ҷӯстан аз миёнаравон дар бозори кори Русия даъват карда буд.
Аз Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди як миллион нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, то 3,5 миллиард доллар дар як сол ба Ватан пул мефиристанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |