Тоҷирон мегӯянд, мақомоти пулис онҳоро барои ташкили эътирозу шӯрандозӣ муттаҳам карда, аз онҳо иллати зидди давлат сухан гуфтанашонро пурсидаанд.
Тоҷирон дар ҷавоб гуфтаанд, онҳо на зидди давлату сиёсат, балки алайҳи ташкили бозори шахсӣ ва кӯчондани иҷбории тоҷирон сухан гуфтаанд. Рӯзи чоршанбеи даҳуми апрел беш аз сад тоҷири бозори марказии шаҳри Ваҳдат ба нишони эътироз дар назди дарвозаи бозор гирди ҳам омада, аз мақомот хостанд, ба мушкили онҳо расидагӣ шавад.
Тавре ҷамъомадагон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буданд, норозигии асосии онҳо ба талаботи ҳукумати маҳаллист, ки мехоҳад, тоҷиронро аз ҷойи корашон ба бозори нави шахсӣ кӯчонад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирон бозори марказии Ваҳдатро онҳо бо пули худ обод кардаанд ва ҳар моҳе пули андозро саривақт месупориданд.