Вале аз шумораи 2559 нафар собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон 40-нафари онҳо ҷойи зист (манзили доимӣ) надоранд, гузашта аз ин маоши бознишастагии эшон на бештар аз 600 сомонӣ аст.
Роҳбари шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон- Раҳматҷон Қудратов аз дастгирии ҳукумат қаноатманд буда, дар сӯҳбат бо «Озодагон » гуфт, кӯмаки якдафъаина аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ширкатҳои мухталиф ба ветеранҳо расонида мешавад, вале таъмини манзил ба иштирокчиёни ҶБВ дар ҳоли ҳозир имкон надорад.
Дар ҳамин ҳол, Амният Абдуназаров, як таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, бояд Тоҷикистон имконияти хубе барои ин нафарон фароҳам оварад. Ҳамасола Вазорати тандурустӣ ин нафаронро ташхис ва табобати ройгон намояд. Ба андешаи ӯ таъмини нафақаи ин нафарон аз ҷониби Русия (меросхӯри аслии Шӯравӣ) низ қобили қабул нест. Барои собиқадорони ҷанги 1941-1945 ҳукумати кишвари мо низ масъул аст.
«Дар ҳоле ки кормандони қудратии кишвари мо кӯшиш менамоянд, то дар Русия шаҳрвандӣ бигиранду нафақаи ин кишварро хӯранд. Яъне имрӯз ба хотири нафақа ватанафурӯшӣ мекунанд. Ин яқин аст!
Боре аз минбар гуфта будам, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд қарори махсусеро ба тасвиб расонад, масъулини вазорату кумита (ба хусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ) ҳаргиз баъд аз истеъфо ё аз кор рафтан нафақаи кишвари дигареро нагиранд», хотирнишон мекунад мавсуф.
Ба андешаи ӯ дар як сатҳ гузоштани собиқадорони ҷанги Афғонистон ва иштирокчиёни садамаи Чернобил ба ветеранҳои ҶБВ аз рӯйи адолат нест, чунки инҳо қарзи интернатсионалистиро адо кардаанд, аммо иштирокчиёни ҶБВ барои ватан, ки номаш СССР буд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |