Санҷиши қаторҳои Тоҷикистон аз сӯи намояндагони додситонӣ
Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон қаторҳои мусофирбари ин кишварро мавриди санҷиш қарор хоҳанд дод. Вазорати нақлиёт мегӯяд, ба дунболи норозигии бархе аз мақомдорони Русия аз вазъи санитарии қаторҳои Тоҷикистон як кумиссиюн ташкил ёфтааст, ки дар миёни онҳо намояндагони Додситонии кулл низ ҳастанд.
Як манбаи мо дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, “вагонҳое, ки аз ҷониби Русия тафтиш карда шудаанду гӯиё ба талабот ҷавобгӯ нестанд, баъд аз 3 рӯз ба Тоҷикистон мерасанд. Қаблан вагонҳо куҳна буданд, аммо ба талабот ҷавобгӯ буданд. Ахиран 15 вагони нав харида шуд, ки ҳеч мумкин нест, ин вагонҳо ба талабот ҷавобгӯ набошанд.”
Манбаъ илова кард, тафтиши вагонҳо тақрибан 4 рӯз аз ҷониби кумиссиюн идома хоҳад ёфт. Ду рӯз қабл Идораи марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия ё ФСБ пешниҳод кард, то замони бартараф шудани як қатор камбудҳои ҷиддие, ки дар қатор ё поездҳои Тоҷикистон ҷо доранд, вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шавад. Ин нуктаро Владимир Мочалов, муовини раиси марзбонони Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ), рӯзи душанбеи 15-уми апрел, баъд аз як ҷаласаи сайёр дар истгоҳи роҳи оҳани Астрахан (Аштархон) изҳор дошта буд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин ҳама иддаоҳои бархе аз мақомоти Русияро беасос донистанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |