Демократҳо дигар наметавонанд "Адолат"-ро ба чоп расонанд
Ҳизби демократи Тоҷикистон ният дорад, номи “Адолат”-ро, ки нашрияи ин ҳизб мебошад, тағйир бидиҳад.
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин тасмимро Шӯрои ҳизб пас аз гирифтани мактуби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қабул кардааст: “Дар мактуби Вазорати фарҳанг омадааст, бо сабаби аз соли 2006 ба ин тараф чоп нашудани нашрияи «Адолат», ягон ҳуҷҷатҳои ин нашрия боқӣ намондаанд. Онҳо ҷавоб доданд, ки феълан барои таҳқиқи вазъи ҳуқуқии нашрия ба Вазорати адлия муроҷиат кардаанд.”
Саидҷаъфар Исмонов афзуд, ин омӯзиш вақти зиёд металабад ва бино бар ин Шӯрои ҳизб қарор кард, ки бо номи нав нашрияашро аз қайди давлатӣ гузаронад. Исмонов таъкид кард, аъзои ҳизб феълан дар ҷустуҷӯи номи нави мувофиқ мебошанд ва рӯзҳои наздик номи нави нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон эълон хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |