Хомӯшии парлумон дар баҳси Кабирӣ бо шаҳрдории Душанбе

Ҳумайрои БАХТИЁР
Аксари коршиносон мавқеи “бетарафӣ” ихтиёр кардани Маҷлиси Намояндагон дар баробари баҳси шаҳрдорӣ бо Муҳиддин Кабириро бештар ба шахси мухолиф будани ӯ рабт медиҳанд. Зеро масъулони парлумон гуфтаанд, ин қазияи Кабирӣ бо шаҳрдории Душанбе масъалаи ҳуқуқист ва бояд додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо кунад.
Парлумон: Қазияи Кабирӣ бояд баҳои додгоҳӣ бигирад
Қаблан парлумон барои баррасии баҳси додгоҳии Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломӣ, ва шаҳрдории Душанбе як гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода буд. Аммо масъули ин гурӯҳ Азизмат Имомов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, Маҷлиси Намояндагон расман мавқеъгирӣ накардааст, чун ба гуфтаи ӯ, ин амал берун аз салоҳияти Маҷлиси Намояндагон мебошад.
Мусоҳиби мо афзуд, “дар ин маврид дахлнопазирии вакил ҳеч таъсире дошта наметавонад. Азбаски ин қазияи додгоҳии шаҳрвандӣ аст, мо ҳам ба қароре омадем, ки баҳои ҳуқуқии суханронии Муҳиддин Кабириро додгоҳ муаяйн кунад, на вакилону парлумон.” Ба қавли Имомов, агар баҳси мақомоти шаҳри Душанбе бо Муҳиддин Кабирӣ ҷиноӣ мебуд, парлумон салоҳият дошт, то аз додситонӣ ва ё мақомоти дигар талаб намояд, то далелҳои ҷиноӣ хондани қазияро пешниҳод созад.”
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, расман ба парлумон ва кумитаҳои дахлдори парлумон муроҷиат карда, дархост намудааст, то парлумон суханронии ӯро омӯхта бигӯяд, мавқеъгирияш то куҷо ғайриқонунӣ буд. “Дар натиҷа гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар сӯҳбатҳои дигар аъзои гурӯҳ, яъне парлумон ба ман гуфтанд, ки суханони ман ҳеч мухолифате бо қонун надорад”,- афзуд Кабирӣ.
Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, баъдан аз кумиссиюни мазкур хоҳиш кардааст, то ҳамин нуқтаи назари худро эълон намояд, вале парлумон бо сабабҳои номаълум ин амалро анҷом надодааст. Аммо мегӯяд Кабирӣ, “ҳангоми баррасии қазия хадамоти матбуотии парлумон кори судмандеро анҷом дод. Онҳо ҳамон суханрониро комилан рӯи варақ оварда, ба додгоҳ пешниҳод карданд.”
Ҳуқуқдон: Парлумон метавонист, ҳадди ақал як изҳорот диҳад
Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов, ки аз ин қазия огоҳ аст, мегӯяд, раҳбари ҲНИТ дар суханронии худ дар парлумон ба иззати нафси дигарон нарасида, шаъну эътибори касеро ҳам паст назадааст. Дар ин ҳол, мегӯяд ҳуқуқдони тоҷик, парлумон ба унвони ҳокимияти аввал метавонист дар шакли изҳорот ва ё муроҷиатномаи мардумӣ мавқеи худро равшан намояд.
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, “хомӯшӣ”-и парлумон ба шахси мухолиф будани ҷониби ҷавобгар рабт дорад. Ба иддаои номбурда, агар ба ҷои Муҳиддин Кабирӣ вакиле аз ҳизби ҳоким қарор медошт, парлумон ҳатман ба воситае мавқеи худро эълон мекард.
Коршинос: Парлумон ҳамоно вакилонро ба “худӣ” ҷудо мекунад
Ин гуфтаҳоро раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдулғанӣ Маҳмадазимов низ ҷонибдорӣ карда, мегӯяд, “мутаассифона, намунаҳои ҷомеаи баъди низоӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ҳамоно мушоҳида мешавад”. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, мақомоти давлатии Тоҷикистон ба мавзӯъҳои умумимиллӣ ҳамчун воҳиди ягона назар намекунанд. Абдулғанӣ Маҳмадазимов аз он изҳори таассуф намуд, ки тақсимоте ба монанди “худӣ” ва “бегона” ҳамоно дар ниҳодҳои давлатӣ сари ҳар қадам ба чашм расида, парлумон ҳамчун воҳиди ягона баромад намекунад.
“Дар парлумон гурӯҳбозиҳо вуҷуд дорад. Гурӯҳу фраксияҳоро дар назар надорам, ин масъалаи дигар аст, ки бояд чунин бошад. 63 вакили парлумони Тоҷикистон аз як гирбеон сар намебароранд. Эҳсос намешавад, ки 63 нафар аз номи 8 миллион аҳолӣ баромад мекунанд”,-мегӯяд ӯ.
Таҳлилгар Абдулғанӣ Маҳмадазимов бар ин назар аст, ки агар қазияе ба ин монанд дар давлати дигар ба вуҷуд меомад, кашмакашиҳои зиёде шуда, парлумони он кишвар ҳатман сару садое баланд мекард, чун вакил ин намояндаи мардумӣ ҳаст. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ҳоло роҳеро бояд пайдо намуд, то ҳарду ҷониб, вакили парлумон ва ҳукумати шаҳри Душанбе ба созиш бирасанд.
Чанде пештар ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ далелҳои пешниҳоднамудаи шаҳрдориро беасос хонда гуфта буд: “Вақте навори баромадро бо стенограмма дар Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест.”
Маврид ба зикр аст, ки баҳси навбатии додгоҳии қазияи мазкур 23-юми апрел баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |