Баҳси вакилон: Пул бигӯем, ё асъор?
Вакилони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми апрел бештар сари вожа ё калимаҳои “пул”-у “асъор” ва ибораҳои “пули миллӣ”-ву “асъори миллӣ” баҳс карданд. Ин баҳси вакилон ҳангоми баррасии тарҳи қонун дар бораи “танзими асъор ва назорати асъор” ба миён омад.
Исмоил Талбаков, намоянда аз Ҳизби коммунист, пешниҳод кард, ки ибораи пули миллӣ аз миён бардошта шуда, ба ҷои он ибораи “асъори миллӣ” ва “асъори хориҷӣ” ба кор бурда шавад. Аммо Мирган Шаҳбозов гуфт, “миллӣ” дар ин ибораҳо зиёдатӣ буда, танҳо вожаи “асъор” кофист, ки “мо тамоми навъи пул, ҳам пули миллӣ ва ҳам пули хориҷиро бифаҳмем”.
Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломӣ, низ ба ин баҳс пайваста, вале гуфт, набояд “мо сари вожаи пул ва асъор ин қадар баҳс кунем”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, асъор калимаи арабӣ буда, маънояш ҳам нарх аст. “Барои ҳамин, беҳтар мебуд, пули миллӣ ва пули хориҷӣ бигӯем”,-таъкид кард Кабирӣ.
Дар охир, ин масъала барои баҳс дар ҷаласаи оянда гузошта шуд. Қарор аст, ҳафтаи оянда вакилони парлумон ба натиҷае бирасанд, ки пули миллӣ бигӯянд ё асъори миллӣ, пули хориҷӣ бигӯянд ё асъори хориҷӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |