Чеҳраи саршиноси футболи чаҳон-сарвари собиқи дастаи мунтахаби Фаронса Зайниддин Зидан ба маснади сарвари варзишии тими машҳури «Реал»- Мадриди Испания пазируфта шуд.
Қаҳрамони Аврупо ва ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Фаронса, ки дар ин ҳайат панҷ мавсим бо бозии зебои худ хотири ҳаводорони футбол ва мухлисонашро болида гардонида буд, пештар дар маснади мушовири президенти клуби «Реал», Флорентино Перес фаъолият дошт.
- Ман ифтихор дорам, ки дар дастаи рақами 1-и дунё кор мекунам. «Реал» ба шахсияти ман ҳамчун ба футболбоз ва умуман ҳамчун инсон таъсири ҷиддӣ гузоштааст, изҳор доштааст худи Зидан.
Маврид ба ёдоварист, Зайниддин Зидан 3 маротиб бозингари беҳтарини ҷаҳон шинохта шуда, ҳамакнун 39 сол дорад ва дар маснади сарвари варзишии тими футболи «Реал» Хорхе Валдоро, ки бо итмоми мавсими 2010/2011 аз маснадаш барканор шуда буд, иваз намудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр