Оҳангсози тоҷик гурӯҳи шинохтаи бритониёиро дар дуздӣ муттаҳам кард
Роман Тенгизбоев, оҳангсози тоҷикистонӣ, гуруҳи маъруфи Бритониёи Кабир, “Топик Рекертс”-ро дар дуздии оҳангаш муттаҳам мекунад.
Тенгизбоев дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин гуруҳ бе иҷозати ӯ оҳангашро гирифта, суруд сабт кардааст: “Ин оҳангро барои Парвина Шукруллоева, овозхони тоҷик, навишта будам ва дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз қайд гузаронда, шаҳодатномаи байналмилалӣ дорам.”
Тенгизбоев афзуд, баҳси ӯ бо “Топик Рекертс” чанд моҳ аст, ки идома дорад: “Дар маҷмуъ ин гуруҳ иқрор аст, ки оҳанги маро гирифтааст ва як миқдор ҷубронпулӣ ҳам пешниҳод кард, ки хеле ночиз аст. Аммо ин ҷо гап сари пул ҳам нест, гап сари эҳтироми ҳуқуқи муаллиф аст. Онҳо нисбат ба Тоҷикистон ва ҳуқуқи муаллифии эҷодкорони тоҷик назарногирӣ мекунанд. Гумон мекунанд, мо барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ талош намекунем.”
Тенгизбоев илова кард, ахиран вакили мудофеаш аз Лондон ба ӯ ҳуҷҷате ирсол намуд, ки дар он Парвина Шукруллоева, гӯиё ба “Топик Рекертс” иҷозат додааст, аз оҳангҳои навиштаи Тангизбоев истифода намоянд: “Аммо Парвина чунин ҳақро надошт ва мегӯяд, ки ба касе иҷозати истифодаи оҳангҳои маро надодааст. Тамоми ҳуқуқҳо барои оҳангҳои навиштаам, пурра ба ман тааллуқ доранд.”
Тенгизбоев мегӯяд, дар талошҳояш барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ ӯ то охир мубориза хоҳад бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |