Бисёр шахсиятҳои муҳим ва шинохтаи Тоҷикистонро мо дар ҳоли расмӣ ва ё дар минбару саҳнаҳо дидаем. Вале бархе аз онҳо бо кушодани саҳфаҳояшон дар Фейсбук аксҳои ҷолиберо аз зиндагии одияшон дар ихтиёри корбарони интернет гузоштаанд.
Мо саре ба чанд саҳфаи бархе аз ин афрод задем ва аксҳои ҷолиби онҳоро пайдо кардем, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем. Дар яке аз ин аксҳо Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистонро мебинед, ки дар даст тасбеҳ ва бо либоси исломӣ нишастааст. Зоҳиран ин акс хеле пештар гирифта шуда, ҳоло рӯи сафҳаи ӯ дар Фейсбук дастрас мебошад.
Агар Шумо ҳам, хонандаи азиз, аз ин афрод ва дигар чеҳраҳову шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон, чи сиёсатмадору донишманд ва чи овозхону мақомдор аксе доред, ба мо бифристед.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик

Шабнами Сурайё ҳамроҳи хоҳаронаш
Мӯҳр