Душанбе мизбони мудирони Бонки исломии рушд мешавад
Аз 18-ум то 22-юми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш намояндагони беш аз 50 давлати дунё, ки аъзои ин бонк ҳастанд, ширкат хоҳанд кард. Дар ин нишаст фаъолияти яксолаи Бонки исломии рушд ба баррасӣ кашида мешавад.
Манбаъ таъкид кард, ки хароҷоти баргузории ҷаласаи мазкурро ҳукумати Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст ва афзуд, ки «аз Тоҷикистон дар ин нишаст, масъулини Кумитаи сармоягузорӣ, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ ширкат мекунанд».
Бонки Исломии рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои мухталиферо амалӣ месозад, ки маблағи умумии онҳо наздики 300 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин бонк фаъолияти худро 20-уми октябри соли 1975 оғоз намуда, ҳоло 56 давлати дунё, аз ҷумла, Тоҷикистон низ узви он мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |