Чин мегӯяд, тоҷикон дар ин кишвар “ҳаёти арзанда” доранд
Маркази чинии иттилоот мегӯяд, дар ҳудуди Чин 33 ҳазору 583 тоҷик иқомат доранд.
Ба иттилои ин марказ, аксари тоҷикон дар ҷанубу ғарби ноҳияи Шинҷон дар Тоҷқурғон зиндагӣ мекунанд. Маркази чинӣ менависад, тоҷиконе, ки дар гузари Шачеи Шинҷон зиндагӣ мекунанд, бо забони уйғурӣ суҳбат мекунанд. Ҳамаи тоҷикони муқими Чин худро пайрави дини Ислом арзёбӣ кардаанд.
Маркази чинии иттилоот меафзояд, тоҷикони муқими Чин дар гузашта ба заминдорию чорводорӣ машғул буда, ҳаёти нимкӯчманчиро ба сар мебурдаанд: "Баъди созмон ёфтани ҷумҳурии мардумии Чин дар соли 1954 гузари мухтори тоҷикон, Тоҷқурғон ташаккул ёфта, бо пуштибонии давлат ҳаёти тоҷикон дар ин кишвар беҳбуд ёфта, дар як сатҳи арзанда қарор гирифтааст."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |