Поси хотири шаҳидони амали террористии Бостон дар Душанбе (Видео)
Субҳи 16-уми апрел конфронси умумиҷумҳуриявии "Кормандони ғайриштатии милитсия" дар Душанбе бо гиромидошти шаҳидони амали террористии шаҳри Бостони Амрико оғоз гардид. Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ки вазир Рамазон Раҳимов Рамазон дар маросими ифтитоҳи конфронси ҷумҳуриявӣ ба хотири шаҳидони амали террористии шаҳри Бостон дақиқаи хомӯшӣ эълон намудааст. Рӯзи душанбеи 15-уми апрел зимни як дав ё марафон дар шаҳри Бостон таркишҳои террористӣ рух додаанд, ки бар асари он 3 нафар кушта ва беш аз 140 тан маҷруҳ шудаанд. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфтааст, дастандаркорони ин амал ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Ниҳодҳои амниятии Амрико дар паи ин таркишҳо чораҳои амниятиро пурзӯр кардаанд. VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31