Душанбе ва Остона амнияти Осиёи Миёнаро баъди соли 2014 баррасӣ карданд
Адилбек Ҷақсибеков, вазири дифои Қазоқистон ва ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Хайруллоев, амнияти Осиёи Марказиро баъди содир шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ кардаанд.
Тавре аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар мулоқот, ки рӯзи 15-уми апрел сурат гирифтааст, вазирони ду кишвар, дар хусуси расонидани кӯмаки бебозгашти ҳарбӣ-техникӣ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон созишнома ба имзо расониданд. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҷонибҳо омодасозии кадрҳои низомӣ ва дигар масоили вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои низомиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 1999 манша гирифта, он сол ба сол густариш меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |