Узбакистон: Салиби сурх бо маҳбусон кор надошта бошад!
Узбакистон барои Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, вохурӣ ва дидор бо маҳбусони зиндонҳои худро манъ намудааст.
Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, Ив Даккор, дабири кулли Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст, мақомоти Узбакистон тўли чанд моҳ мешавад, ба кормандони ниҳоди зертобеаш иҷоза намедиҳад, бо маҳбусони ин кишвар мулоқоти рӯбарӯ дошта бошанд.
Ба қавли Даккор, ҳукумати Узбакистон ҳанӯз ҳам омода нест, то бо созмонҳои байналмилалии башардустона ҳамкорӣ дошта бошад.
Дабири кулли Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх мегӯяд, бо ин ҳол онҳо наметавонанд, фаъолияти худро дар ин кишвар идома бидиҳанд.
Барои нахустин бор, ба Кумитаи байналмилалии Салиби сурх соли 2001 иҷоза дода шудааст, то бо маҳбусони зиндонҳои Узбакистон вохурӣ дошта бошад. вале баъдтар соли 2004 аз ин ҳақ маҳрум гардида, дубора онро авоили соли 2009 соҳиб гашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |