Бахшҳо

Вазорати умури хориҷӣ иддаои Зоировро “ғарази шахсӣ” номид

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иддаои Раҳматулло Зоировро дар бораи ин ки Чин бештар аз хатти муайяншуда вориди хоки Тоҷикистон шудааст, рад кард.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ, рӯзи сешанбеи 16-уми апрел гуфт, ин изҳороти раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон беасосу иғвонгез буда, ба созишномаи Тоҷикистону Чин ҳеҷ рабте надорад. Вай ин иддаои Зоировро танҳо “ғарази шахсӣ” номид.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҳматулло Зоиров дар сӯҳбат бо радиои Садои Хуросон гуфт, “эҳтимол, Тоҷикистон дар ивази қарзҳо қисме дигар аз қаламраваш дар ноҳияи Мурғобро ба ихтиёри Чин бигузорад”. Вай гуфтаaст, шахсан ба ноҳияи Мурғоб рафта ва дидааст, ки “марзбонони чинӣ дар бахше аз манотиқ то 20-километрии дохили хоки Тоҷикистон нуфуз кардаанд, ҳол он ки бар асоси қарордоди аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Чин, танҳо ҳазор километри мураббаъ аз заминҳои ноҳияи Мурғоб ба ҷониби Чин вогузор шуда буд.”

Ба ин тартиб, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон бовар дорад, Чин беш аз манотиқи марзии вогузоршуда ба ин кишвар дар вилояти Бадахшон ба қаламрави ноҳияи Мурғоб ворид шудааст. Ҷаноби Зоиров ҳамчунин интиқоли нерӯ ва размоиши ахири Артиши Тоҷикистон дар Бадахшонро ба вогузории қисме аз марзи кишвар ба Чин рабт додааст, ки эҳтимол вокуниши сахти сокинони минтақаро ба бор хоҳад овард.

Тоҷикистон дар оғози соли 2011 расман қисмате аз қаламрави худро дар ихтиёри Чин гузошт, ки мақомот аз он ба унвони “замини даъвоӣ” ном мебаранд. Ин тасмим, албатта, вокунишҳои ҷомеаи маданӣ ва намояндагони аҳзобу мухолифонро ба вуҷуд овард, аммо мақомоти расмӣ гуфтанд, Душанбе бо вогузории ин замини даъвоӣ худро аз чанголи “аждаҳои сурх” наҷот додааст.

Чин яке аз кишварҳои аслии қарздиҳандаи Тоҷикистон аст, ки то кунун роҳи Душанбе-Чаноқро бозсозӣ кардаву нақби Шаҳристонро низ бунёд ва дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст. Даҳҳо иншооти дигари муҳими Тоҷикистон бо пули Чин бунёд мешавад, ки бозгардонии онҳо зоҳиран барои Тоҷикистон саҳлу содда нахоҳад буд.


Дар акс: Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Мӯҳр
ЧАНОБИ ЗОИРОВ,ШУМО АКНУН ХАБАР ЁФТЕД,КИ АЖДАХОРИ СУРХ ТОЧИКИСТОНРО ФУРУ МЕБАРАД.ИН ДАР ТАЪРИХ ХАСТ.ХОЛО МОРО НОМХОИ ХИТОИ ИНТИЗОР АСТ.НОМИ МАН САИ ДА ЛИ ШУДААСТ.АЗ ШУМО БОШАД,ЧАНОБИ РАХ МА ЗО ИР МЕШАВАД.

Алишер
ман фикр мекунам ки ин хама як заифи хукумати моро нишон медихад.Хиенати бузурги шахсони мавчуда ба ватан мебошад ман афсуус ки кудрат надорам магар намемонам ки чунин хиенаткорон болои ватани мо чуни хиенатро раво бинанд

Сар Ба Ланд
Ман аз чаноби Кабирй,Шабдолов ва он касоне,ки ору номуси миллй доранд илтимос мекунам ба Бадахшон рафта аз тахти казия огахй пайдо кунанд ва дар СМИ интервю диханд,ки рост ё дуруг!! Илтимос!!

Мухтарам Атоев Шарм намекнед Як руза зиндагиатонро гуфта ба Миллати ххуд ояндаи миллати худ Хиёнат мекунед Шарм доред Шумо барин инсонхо Бо тарс Сухан мегуед Фардо Шуморо ки ёд мекунад ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)