Маркази обу ҳавошиносӣ аз омадани сел ҳушдор дод
Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 15-уми апрел аз омадани сел дар минтақаи ҷануби кишвар ҳушдор дод. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Ҳалима Муродбекова, сармутахассиси Маркази обу ҳавошиносӣ, бориши борон то 20-уми апрел дар манотиқи Тоҷикистон идома хоҳад дошт.
Хонум Муродбекова афзуд, 16-уми апрел низ дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар бархе аз навоҳӣ борони шиддатнок борида, раъду барқ ба амал хоҳад омад. Сармутахассиси Маркази обу ҳавошиносӣ мегӯяд, сабаби бориши борон, ин воридшавии сиклон аз самти ҷанубу ғарб мебошад, ки дар натиҷаи он ҳарорати ҳаво рӯзона ба 8-10 дараҷа гармӣ поин хоҳад омад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |