Додситонӣ: Қарори “ниҳоӣ” дар бораи истирдоди Қувватов ҳанӯз қабул нашудааст

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, додгоҳи Дубай то ҳол дар бораи истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Душанбе қарори “ниҳоӣ” қабул накардааст.
Тавре Туроб Одилов, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон, ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, тибқи муқаррарот агар дар мавриди истирдоди Қувватов додгоҳ қарори ниҳоӣ барорад, намояндаи додситонии Тоҷикистон бояд барои истирдод ба Дубай равад: “Агар қарор ниҳоӣ мешуд, қаблан намояндаи моро роҳӣ мекарданд. Аммо то ҳол намояндаи мо нарафтааст.”
Ин дар ҳолест, Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, дар сафҳаи Твиттераш хабар додааст, ки 14-уми апрел додгоҳи шаҳри Дубай ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии "Гурӯҳи 24", ба Тоҷикистонро содир кардааст. Дар ҳоле ки додгоҳ моҳи марти соли ҷорӣ дархости Душанберо барои истирдоди сареи Қувватов рад карда буд.
Николай Николаев, афзудааст, ин ҳукми додгоҳи Дубай анҷоми кор нест ва онҳо барои раҳоии нафари таҳти ҳимояташ талоши бештаре анҷом хоҳанд дод. Николаев дар сафҳаи Твиттераш навиштааст, ҳукми додгоҳро дар даст надорад, вале қонунҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ имкон медиҳанд, ки онҳо аз болои ин ҳукм шикоят баранд. Вай илова кардааст, ин ҳукми додгоҳ бар хилофи вокуниш ва дархостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ содир шуд, ки мухолифи истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон буданд.
Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта масъули ширкати “Фароз” буд, тобистони соли 2012 ба Маскав рафт ва аз таъсиси созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” хабар дод. Ӯ худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кард ва гуфт, ки бояд дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ президент Раҳмон иштирок накунад.
Аммо баъдан моҳи декабри соли гузашта ӯ дар фурудгоҳи Дубай бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт гардид. Мақомот ӯро дар дуздии 6 миллион доллар пули ширкатҳои “Тоҷирон”-у “Фароз” ва шарикони тиҷории онҳо муттаҳам мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |