Марги Магнитский ва рӯйхати “сиёҳ”-и Амрико

Ҳумайрои БАХТИЁР
12-уми апрел вазорати молияи ИМА феҳрасти Магнитскийро мунташир намуд. Ғайричашмдошт ба руйхати мазкур чеҳраҳои маъруфи сиёсати Русия шомил нашудаанд.
Дар умум ба ин феҳраст 18 нафар: шаҳрвандони Русия, Украина ваУзбакистон шомил шудаанд, ки аксарияти онҳо кормандони бахши ҳифзи ҳуқуқ, бахши молии давлатӣ буда, ҳамзамон ба марги ҳуқуқшиноси Hermitage Capital, Сергей Магнисткий даст доранд. Қаблан тахмин зада мешуд, ки феҳрасти мазкур бештар бо исми вакилони Дума ва мансабдорони давлатии Русия таҳия хоҳад шуд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин руйхат коршиносони рус мегӯянд, ки мутахассисони амрикоӣ талош кардаанд, то як феҳрасти касбӣ таҳия намоянд, на ин ки сиёсӣ. Ҳарчанд феҳрасти магнитӣ ҷанбаи сиёсӣ надорад, вале раҳбари Кумитаи корҳои байналмилалии Думаи давлатии Русия, Алексей Пушков гуфтааст, ки дар ду рузи наздик дар ҷавоб ба Амрико як феҳрасте таҳия хоҳад кард.
Дар робита Олег Понфилов, коршиноси гурҷӣ дар сӯҳбат ба «Озодагон» аз касбӣ будани феҳрасти амрикоӣ истиқбол намуда, гуфт, ки онҳо аз усули махсус кор гирифтаанд.
«Онҳо мансабдоронеро зикр кардаанд, ки дар оянда тадқиқот анҷом бидиҳанд, чун Сергей Магнитский дигар зинда намешавад, вале сиёсати ИМА нисбати Русия шадидтар хоҳад шуд. Дар умум қазияи Магнитский ин танҳо як ҷузъи хурди сиёсати Амрико барои коҳиши нуфузи Русия дар сартосари ҷаҳон мебошад. Бархӯрди мансабдорони Русия барои ҷавоб ба Амрико хандадор ва имконнопазир аст. Чун Вашингтон аз Маскав вобаста нест, вале тамоми мансабдорони Русия дар Амрико моликият доранд», гуфт Олег Понфилов.
Сергей Магнитский, ки дар ширкати машваратии Firestone Duncan низ ба ҳайси аудитор-муҳосиб кор мекардааст, 16-уми ноябри соли 2003 дар паи шиканҷа дар боздоштгоҳи муваққатии “Матросская тишина” ҷон додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |