Дар мурофиаи додгоҳии ду сокини Хоруғ 61 ҷабрдида пурсида мешавад
Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров, ду сокини Хоруғро паси дарҳои баста идома медиҳад.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Димон Ашӯров, рӯзи панҷшанбе 12-уми апел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ин парванда 61 ҷабрдида ва 12 шоҳид пурсида мешавад, ки то имрӯз 16-17 нафари онҳо пурсида шудаанд. “Ба сифати ҷабрдидагон дар ин парванда онҳое шинохта шудаанд, ки дар амалиёти моҳи июни соли гузашта дар Хоруғ ярадор гардидаанд. Инчунин хешовандони 17 нафар низомиёне, ки тобистони соли гузашта ба ҳалокат расидаанд, ҷабрдида шинохта шудаанд.”
Ин ду сокини Хоруғ дар ҷиноятҳои вазнине амсоли «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», ва «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат» айбдор мешавнд.
Димон Ашӯров, яке аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, собиқ пешвои ғайрирасмии Бадахшон арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли гузашта, зимни амлиёти мақомоти қудратӣ дар Хоруғ боздошт гардид. Мавсуф бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят худро партофта, ба беморхона афтид. Моҳи ноябри соли гузашта аз беморхона дар Хоруғ фирор карда, барои табобати пойҳояш ба шаҳри Урумчии Чин рафта буд. Аммо тибқи созишномаи Тоҷикистону Чин моҳи январи соли равон ба Душанбе истирдод шуда то ин муддат дар боздошгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад.
Шерик Карамхудоев, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24 июл, дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар маркази Бадахшон боздошт шуда буд. Баъди боздошти Карамхудоев, Шерхон Салимзода, додситони куллӣ Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, “вақте Карамхудоев дастгир карда шуд аз ӯ як автомат, як граната, ду магазин бо тирҳояш мусодира карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |