Шурӯъ аз 16-уми апрели соли равон, бар асоси қарори марбутаи ҳукумати шаҳри Душанбе аз 11-уми марти соли 2011, рӯзҳои истироҳат дар боғҳои пойтахт шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангиашонро баргузор мекунанд.
Тибқи иттилои Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт, дар пояи қарори 162 ва ба истиқболи 20-солагии ҷашни истиқлоли миллӣ, аз он вақт то имрӯз 30-шаҳру ноҳияи Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии минтақаашонро дар боғҳои «Дўстии Халқҳо», «Садриддин Айнӣ», майдони «800-солагии Москва» ва гулгашти ба номи Александр Мироненко доир карда, дастовардҳои меҳнатӣ ва фарҳангии худро ба маърази тамоши сокинони пойтахт гузоштаанд
Манбаъ афзуд, фардо 9-уми июл, тибқи нақшаи шаҳрдорӣ рӯзҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар «Боғи Ирам» (собиқ боғиботаникӣ), шаҳри Қӯрғонтеппа дар боғи «Дӯстии Ҳалқҳо» ва Табошар дар гулгашти ба номи Александр Мироненко дар соати 8-и субҳ оғоз мегарданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр