Истифодаи зиёди вентелятор боиси ҳалокати мӯйсафеди рус дар Турсунзода шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, истифодаи аз меъёр зиёди вентелятор дар шаҳри Турсунзода, боиси марги Взягентсев Виктор Владимировичи 77 солаи нафақахӯр ва маъюби дараҷаи 3 гардидааст.
Ба иттилои манбаъ Взягентсев Виктор дар хонаи иҷорагирифтааш дар шаҳри Турсунзода вентеляторро аз меъёр зиёд истифода бурдааст, ки дар натиҷа субҳи 11 апрел сӯхтор ба амал омад: “Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ғализ иҷоранишин Взягентсев то расидани оташнишонон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Ҳалокати ин мӯйсафеди 77-сола дар ҳолест, ки хисороти моддӣ аз сӯхтор ҳамагӣ 500 сомонӣ будааст. Амволи эмин нигоҳдоштаи оташнишонон 30 000 сомонӣ арзёбӣ мешавад. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати ҳодисаи мазкур, айни ҳол тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |