Gulrukhsor.tj -- cафҳаи Гулрухсори Сафӣ дар интернет
Торнамо ё сайти Гулрухсори Сафӣ (Сафиева), шоираи маъруфи тоҷик, дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол гардид. Дар ин бора Гулрухсори Сафӣ рӯзи 11-уми апрел ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, ин торнамо бо заҳматҳои худи ӯ ва баъзе аз шогирдону ҳаводоронаш омода шудааст.
Хонум Гулрхусор мегӯяд, ин торнамо ҳанӯз комил нест, вале базудӣ матолибу китоб ва шеърҳои зиёдаш дар ин сафҳаи интернетӣ ҷойгир хоҳанд шуд. Ҳоло дар торнамои Гулрухсори Сафӣ ҳолномаи шоир бо чанде аз шеърҳову китобҳояш, аз ҷумла “Шӯъла дар санг”, “Ҷовидона” ва “Занони сабзбаҳор” гузошта шудаанд.
Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, ин торнамо бо ду забон -- тоҷикиву русӣ роҳандозӣ шуда, китобҳову шеърҳояш низ бо ду забон рӯи ин сафҳа гузошта хоҳанд шуд. Вай афзуд, ин сафҳаи интернетӣ имкон медиҳад, мухлисону ҳаводоронаш бо ӯ мустақим тамос бигиранд ва номаҳояшонро бифристанд.
Хонум Гулрухсор аз шоирони шинохтаи тоҷик аст, ки соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолободи пешина ва ҳоло Нуробод ба дунё омадааст. Вай муаллифи бештар аз 80 китоб буда, осораш бо чанде аз забонҳои дунё баргардон ва ба табъ расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |