"Ҳизбҳо бо баҳонаи фишор ҳукуматро тарсу нишон доданианд"
Суҳроб Шарипов, сиёсатшинос ва вакили парлумони Тоҷикистон, афзоиши фишорҳо болои аҳзоб дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳуриро падидаи ногузир арзёбӣ кард.
Ӯ рӯзи 11-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аҳзоб бо баҳонаи фишор худро ҷабрдидаву ҳукуматро тарсу нишон додан мехоҳанд. “Эҳтимол ҳизбҳои сиёсӣ бо роҳи шикоят хостори муттаҳид кардани мардум дар атрофи худ ҳастанд. Бо чунин шикояту изҳорот баъзан ҳизбҳои сиёсии мо нишон доданӣ мешаванд, ки онҳо ба интихобот омодагии ҷиддӣ гирифтаанду вале ҳукумат аз онҳо ҳарос дорад",-афзуд ӯ.
Суҳроб Шарипов зарур медонад, ки чунин изҳорот бояд ҳамеша аз ду ҷанба таҳлил шаванд, ки то куҷо фишорҳо сиёсӣ ва ё ҳуқуқӣ ҳастанд: “Фишори сиёсӣ ба ҳизбҳои мухолиф дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон буд ва ҳаст. Аммо агар фишорҳо ҳуқуқӣ бошанд, бояд аҳзоб ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд. Шояд баъзеҳо бовар накунанд, вале дар мо додситонӣ ва додгоҳҳо фаъолият мекунанд ва онҳо бояд ба қазияҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.”
Дар ҳамин ҳол Шарипов аз вокуниши ҲНИТ ба амали ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки ахиран барои мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо аъзои ин ҳизб монеа эҷод кардааст, истиқбол кард. Шарипов гуфт, ҲНИТ барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия ба додситонӣ муроҷиат кардааст ва ин қобили дастгирист: “Ин қазия бояд қабл аз ҳама баҳои ҳуқуқӣ бигирад, то ин ки сиёсӣ. Қонуни асосӣ иҷоза медиҳад, ки ҳар ҳизб аз фишорҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор шикоят бубарад.”
Дар баробари ин, Шарипов таъкид кард, ки аҳзоби Тоҷикистонро айни ҳол як рӯҳияи “стрессӣ” фаро гирифтааст. Шарипов зарур медонад, ки дар чунин ҳолат ҳизбҳо ва раҳбарони сиёсӣ бояд этикаи эҳтироми шахсиятро риоя кунанд: "Агар рақобат сиёсӣ аст, пас, набояд ҷонибе дар ин набард шахсият, обрӯ, зиндагии шахсӣ ва дигар масоили ба ин монанди ҳассосро истифода бикунад. Озодии шахс, мазҳаб, виҷдон набояд нақз гардад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |