Эмомалӣ Раҳмон шахсан лоиҳаҳои энергетикиро дар Аврупо муаррифӣ кардааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки айни ҳол бо сафари корӣ дар Аврупо қарор дорад, аз ҳукумату соҳибкорони ин қитъа даъват кардааст, ки ба энергетикаи Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 11-уми апрел дар шаҳри Брюссел зимни мулоқот бо дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва анҷумани “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” бахши энергетикаро муфассал мавриди баррасӣ қарор додааст. Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот ва Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетикаи кишварро шахсан муаррифӣ намуда, таъкид кардааст, ки онҳо ба рушди тамоми минтақа нигаронда шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки сафараш ба Аврупо барои густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика такони ҷиддӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |